Дастури муштарӣ

Барои осонгардонидани кори муштариёни SIM SIM дар ин саҳифа мо ба саволҳое, ки бештар пурсида мешаванд ҷавоб додем.

Чӣ бояд кард агар иштибоҳан ба рақами дигар пардохт карда бошед?

  • Агар маблағи бо пули нақд пардохт кардаи шумо аз 100 рубл кам, рақами нодуруст гирифта маълум ва ба SIM SIM тааллуқ дошта бошад, барои баргардонидани маблағ лутфан ба рақами 7060 занг занед.
  • Агар маблағи бо пули нақд пардохт кардаи шумо аз 100 рубл зиёд, рақами иштибоҳан гирифташуда маълум ва ба SIM SIM тааллуқ дошта бошад, барои баргардонидани маблағ ба Офиси Марказии SIM SIM муроҷиат намоед. Барои додани ариза ба шумо шиноснома ва чеки пардохт кардаатон лозим аст.
  • Аз рақами иштиҳобан гирифташуда танҳо маблағи сарфнашуда гузаронида мешавад.

Дар сурати ба CALL CENTER занг задан боварӣ ҳосил кунед, ки:

  • Аз лаҳзаи пардохти иштибоҳӣ на зиёда аз 3 рӯз гузаштааст.
  • Шумо вақти муайяни пурра гардонии тавозунро медонед (дар чеки пардохт нишон дода шуда аст).

Агар рақами иштибоҳан гирифташуда ба SIM SIM тааллуқ надошта бошад, ба низоми пардохтие, ки тавассути он маблағ гузаронида шуд, бояд муроҷиат кард. Рақамҳои хадамоти дастгирии низоми пардохт дар портал.

Ман тавозуни худро тавассути терминал пурра намудам. Барои чӣ дар ҳисоби ман пул пайдо нашуд?

Дурустии рақами худро аз рӯи чеки пардохт санҷед. Боварӣ ҳосил кунед, ки терминали пардохтии дурустро истифода бурдед. Агар рақам дуруст гирифта шуда бошад ва аз лаҳзаи пардохт зиёда аз 24 соат гузашта бошад ба хадамоти дастгирии низоми пардохт муроҷиат намоед (рақами телефони хадамот бояд дар чек бошад) ё ба хадамоти дастгирӣ ба рақами 0760 занг занед.
Дар хотир доред, ки мӯҳлати максималии танзимшудаи гузаштани маблағ ва дигар низомҳои пардохтӣ 1 шабонарӯзро дар бар мегирад.


Усулҳои пардохт:

  1. Дар офисҳои фурӯши SIM SIM
  2. Терминалҳои пардохтӣ: QIWI, Сбербанк, БКМ (Бонки кредитии Москва), Comepay, Rapida, EuroPlat, DeltaPay
  3. Пардохт аз рӯи картаи бонкӣ: Сбербанк Онлайн
  4. Пардохт бо ҳамёни электронии QIWI

Муҳим: Суратхисоби шахси ба тарики ширкати мобилии СимСим пур карда мешавад.

Танзимоти интернет.

Бояд нуқтаи дастрасӣ сохт. Дар дастгоҳҳои бо СО Android ба қисми Меню ->Танзимот->Шабакаи мобилӣ мегузарем. Сипас тафтиш намдудани он ки интиқоли маълумот фаъол карда шудааст. Ба менюи Нуқтаҳои дастраси (APN) дохил бояд шуд. Дар сарлавҳа simsim менависем, дар навъи (APN) яке аз се имкониятҳоро менависем:

  • dun, default, supl;
  • default, supl;
  • default, supl, internet.
Сипас нуқтаи дастрасии сохташударо ҳифз мекунем ва телефонро хомӯш намуда аз нав дар мегиронем.

Чаро барои сӯҳбати ман аз оне, ки дар реклама нишон дода шудааст маблағи зиёдтар руёниданд?

Лутфан бо арзиши зангҳо дар фасли «Тарофаҳо ва опсияҳо» бо диққат шинос шавед. Эҳтимол, ки дар реклама арзиши хизматрасонӣ барои давомнокии аксия ё ба самтҳои махсуси зангҳо ишора шудааст.

Чиро бояд пайваст намуд, то дар Москва арзонтар занг зад?

Шумо метавонед опсияи "SIM SIM СТАРТ" пайваст намоед. Бо пардохти рамзӣ шумо дар як шабонарӯз соҳиби 50 дақиқа барои зангҳо ба муштариёни SIM SIM дар Москва ва вилояти Москва мегардед. Барои пайваст шудан фармони *103*201# ро дохил кунед

Пешниҳоди мазкур танҳо ба зангҳо аз Москва ва вилояти Москва тааллуқ дорад.

Пардохт барои пайвасти аввали ин опсия ситонида намешавад.

Пардохти абонентӣ як маротиба дар як рӯз ситонида мешавад.

Тафсилоти бештар дар қисмати "Опсияҳо" дастрас аст.

Кадом интернет- бастаро бояд интихоб кард?

Ин вобаста аст ба он, ки чӣ тавр шумо истифодаи интернетро дар телефонатон ба нақша доред.

  • Агар ки интернет дар телефон бароятон танҳо барои муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ лозим бошад, пас опсияи “Интернет- мини” (50 МБ бо суръати бемаҳдуд)-ро пайваст кунед. Барои пайваст намудан фармони *103*102# дохил намоед.
  • Агар ки интернети мобилӣ бароятон барои истифодаи почтаи электронӣ, тамошои сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ лозим бошад, пас ба шумо опсияи “Интернет ва СМС” (1,5 ГБ бо суръати бемаҳдуд)мувофиқат мекунад. Барои пайваст намудан фармони *103*401# дохил намоед.
  • Агар ки шумо истифодабарандаи фаъоли шабакаи интернет ҳастед, видео роликҳо тамошо мекунед ва ё блоги худро доред, пас ба шумо опсияи “Интернети оптималӣ” (5 ГБ бо суръати бемаҳдуд) мувофиқат мекунад. Барои пайваст намудан фармони *103*104# дохил намоед.

Муфассалтар дар бораи нарх ва усулҳои пайвастшавӣ дар қисми дахлдори сомонаи мо хонед: «Тарофаҳо ва опсияҳо»

Ба саволи худ посух дарёфт накардед? Ба Маркази дастгирии мизоҷон занг занед: 8-800-770-7060 (занг дар тамоми ноҳияҳои Россия чӣ аз телефонҳои мобилӣ ва чӣ аз телефонҳои статсионарӣ ройгон мебошад).